Ба
гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Бердимуҳаммад раиси
Ҷумҳурии Туркманистон дар паёми ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии
Тоҷикистон, кушта ва захми шудани теъдоди аз шаҳрвандони тоҷик ба асари
вуқуъи селро таслият гуфт.
Бердимуҳаммад дар паёми худ аз тарафи мардум ва давлти Туркманистон ибрози ҳамдарди карда ва эълом дошта аст, ки дар ин лаҳазоти душвор дар канори хонаводаҳои қурбониён қарор дошта ва барои маҷруҳини ин ҳодиса шифои оҷил мехоҳад.
Шоёни зикр аст, ки дар як руз қабл бар асари бориши зиёди борон ва ҷори шудани селоб дар шаҳри Ваҳдат дар 30 километрии Душанбе 11 нафар ва дар ноҳияи Рудаки дар 17 километрии Душанбе 2 нафар ҷони худро аз даст доданд.
342/